Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

ҳаётро таъсис медиҳем, нигоҳ медорем. Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб нуфузи сиёсию иқтисодии худро тавассути савдои ғояҳо муҳофизат мекунанд ва тақвият медиҳанд. Қудрати онҳо на бар парчам, балки ба тасвири маъмул асос ёфтааст. Ҳамзамон, ин раванд бо хоҳиши ҳифзи ҳувияти этномаданӣ, миллии онҳо ҳамроҳӣ мекунад, ки он дар шакли огоҳии шахс дар бораи худ ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи муайяни этникӣ зоҳир мешавад. Ҷанбаи мусбати равандҳои имрӯза бо он алоқаманд аст, ки ҷаҳонишавии робитаҳои иҷтимоии одамон онҳоро аз доираи муайяни фарҳангӣ берун оварда, бо стандартҳои фарҳангҳои дигар ошно мекунад. Дар ин раванд нақши махсусан муҳимро қудрат ва шиддати системаи иттилоотию коммуникатсионии ҷаҳонӣ ба даст меорад. Соҳаҳои истеъмол ва фароғат, ба истилоҳ фарҳанги оммавӣ, дар саросари ҷаҳон торафт бештар якранг мешаванд, аз ҷиҳати "мундариҷа" -и худ дар ҷамъиятҳои мансуб ба тамаддунҳои гуногун каме фарқ мекунанд.
Фарҳангҳои миллӣ бо зуҳуроти гуногуни ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла бо раванди шиносоӣ, нусхабардории тарзи ҳаёти бегона, ба истилоҳ "ғарбӣ", "амрикоӣ", тарзи тафаккур, арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳангӣ дучор омадаанд. Яъне, буҳрони ҳувиятҳо агар дар ҳама ҷо мушоҳида мешавад ва хусусияти ҷаҳониро касб кардааст, лекин феълан, инсони муосир аз бисёр ҷиҳат ҷомеаро мункир аст, аммо на бо татбиқи навъҳои мухталифи раҳбоният (дунёбадбинӣ) мисли маслаки таърихии қаландария ва маломатия, чунки гӯшанишинии муосири ҳамзамонони мо бо шиори зайл роҳандозӣ мешавад: “Дар ҷамъият бош, аммо дар он махлут нашав”.

пешина
аз 303
навбатӣ