Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Дар илми ҷомеашиносӣ ҳувияти фарҳангии ҷомеаҳои муосир дар қиёс бо падидаи ҷаҳонӣ шудан, ки худ айни ҳол ҷаҳонсозист, баррасӣ мешаванд. Аввалан, ҳувият чун истилоҳ чӣ маънӣ дорад ва муҳтавои он аз чӣ иборат мебошад?
Яъне, ин калидвожа кай ба илм ворид шудааст ва онро аз кадом хотир истифода кардаанд?
Бинобар ин, сароғоз бояд мафҳуми “ҳувият” ва алоқамандии онро бо забонҳо таҳлил намуд.
Сониян, ҷиҳати баррасии ҳувияти фарҳангӣ ва соири ҳувиятҳои дигар ҷомеашиносон пажӯҳишҳо кардаанд ва бо дарназардошти навиштаҳои илми муосир дар ин маврид тарзи тафаккур ва биниши фарҳангии башар дигаргун гардидааст. Агар бар ин ақида эътимод варзем, ки ҳувият шакл ё навъи муосири худшиносӣ мебошад, пас маълум хоҳад шуд, ки мавзуи зайл аз қадиммулайём самти асосии аксари донишмандони ҷомеашинос будааст ва аз аҳди бостон то кунун мавзуи ҷавҳарии улуми ҷомеашиносиро ташкил мекардааст. Шуруъ аз Афлотуну Арасту ва бинобар пайдоиши машшоиёну ишроқиюн дар қарнҳои миёна, замони Реносанс, ки эҳёи улум маҳсуб мешавад,

45 Эриксон Э. Идентичность: юность и кризис, - М.: Пргресс, 1996, - С.
112.

пешина
аз 303
навбатӣ