Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

ХУЛОСА
Хулосаи муаллиф ҷиҳати баррасӣ ва мавриди таҳқиқ қарордоштаи хусусиятҳои ташаккули ҳувияти фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ бар ин минвол аст:
-Таҳқиқи афкори фалсафии ҷомеашиносони Ғарб ва аз зумраи андешаи номақбул пиндоштани ин фикр, ки тибқи он ҳувияти амрикоӣ бар соири ҳувиятҳо ғолиб омадааст.
Ақидаи мазкурро аксар ҷомеашиносони Ғарб дастгирӣ карда, махсусан С. Ҳантингтон онро беш аз дигарон бозгӯ кардааст;
-Таъкид намудани ҷанбаи дунявии ҳувияти фарҳангии ҷомеаҳои муосир ва бо дарназардошти бархурдҳои байни ҷомеаҳо баррасӣ намудани раванди ҷаҳонишавӣ.
Омилҳои буҳрони ҳувият ва таъсири раванди ҷаҳонисозӣ, ки бартарии ҷомеаҳои тавсеаёфтаро аз ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф таъмин менамояд, натиҷаи тағйир ёфтани муҳтавои ҳувиятҳо дар замони постмодерн мебошад;
-Баррасии дуализми тафаккур ва ҳувияти фарҳангӣ дар тоҷикон ва ғалабаи ҷаҳонбинии динӣ бар ҷаҳонбинии дунявӣ. Чӣ бояд кард, ки низоми мазкур таъсири ҷаҳонбинии диниро кам карда, нигоҳи шаҳрвандонро бобати таъмини рушди инсонӣ такмил диҳад? Андешаи ориёӣ дар рисола бо дарназардошти муҳтавои дунявӣ доштан пажӯҳиш ёфтааст;
-Инкори “бародарбузургӣ” дар мисоли гироиши маҳвкунанда ба Эрон ва соири кишварҳое, ки имкон дорад аз таваҷҷуҳ суиистифода кунанд;
-Вижагиҳои ҳувияти фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон дар пояи гуфтугӯи тамаддунҳо ва синтезу баҳамоии фарҳангҳо густариш ёфта, алҳол тамоили иртиботҷӯёнае ба кишварҳои мусулмоннишин дорад. Бинобар ин, сатҳи таассуби динӣ ва мавқеи розҷӯйии исломӣ бояд дар ҷомеаи Тоҷикистон ҷилавгирӣ гардад;
-Ҷомеаи Тоҷикистон аз чаҳор ҷониб бо кишварҳое ҳамсоя аст, ки дар масъалаи забону нажод ва фарҳангу тамаддун дар муқобили тоҷик баррасӣ мешаванд. Аз ин хотир, ҷиҳати тақвият додани афкори миллӣ ин ҷомеаро зарур аст ҷиҳати густариш ёфтани ҳувияти фарҳангии худ бо кишварҳое, ки дар таърих ҳамоҳангии фарҳангӣ доштаанд, робита пайдо намуда, аз иртибот бо давлатҳое, ки зери парчами ислом муттаҳид шудаанд, канорагирӣ кунад; Ҳувияти фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон вижагиҳои ориёӣ дорад ва такмил додани бахши дунявии ин хусусиёт айни муддаост.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навъи дувуми ҷомеаҳо шомил буда, ҳувияти фарҳангӣ дар он дар пояҳои арзишии хос ба дину давлат такмил ёфтааст, аммо вижагиҳои муосири ҳувияти фарҳангии дилхоҳ ҷомеа бартарии ҷаҳонбинии сиёсиро аз динӣ иқрор мекунад, чунки ҷаҳонбинии динӣ инсонро аз амал боздошта, ӯро аз кӯшишу такмилёбӣ ва рушди худогоҳии миллӣ маҳрум месозад.

пешина
аз 303
навбатӣ