Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

дар дилхоҳ маврид ба зоҳир иктифо мекунанд ва
боре намеандешанд, ки Ибни Сино бештар
таваққуф бар зоҳири ашёро истиқбол намекард
ва зоҳирбиниро аз зумраи шиносоии ҳайвонӣ
донистааст. Ба таъбири Ибни Сино, фасоди
ақвол ин ҳарфҳоро мутаноқиз сохтаанд ва аз
ҳадди илм хориҷ намудаанд, мисли ин ки
муқаддамотро бо натиҷа яксон дид: “Ва ман
намефаҳмам чӣ гуна метавон муқаддамотро
мавзӯи натиҷа қарор дод”183. Дигар ин ки
мутафаккир дар оғози “Китоби Шифо” моро
воқиф мекунад, ки улум пажӯҳандаро ҷиҳати
интихоби васоити сусту андаки таҳқиқӣ водор
хоҳад кард: “Аз аҳли илм бисёр дидаем, ки чун ба
баҳси умури суст ва масоиле, ки дурустии онҳо ба
осонӣ ошкор мегарданд, мепардозанд, ҳамаи
қувваи худро масруфи он месозанд ва ҳар қисм
бурҳоне меоваранду таҳқиқ менамоянд. Аммо
чун ба масоили душвор ва умуре, ки ҷои шубҳа
аст, мерасанд, ба зудӣ аз он мегузаранд. Ва мо
умедворем, роҳи дигар дар пеш бигирем ва
кӯшиш хоҳем кард, ки он чиро пеш аз мо дуруст
ёфтаанд, интишор диҳем ва аз он чӣ ба назари мо
саҳв кардаанд, рӯ бигардонем”184. Акнун ба он
мепардозем, ки Бӯалӣ Сино чун ҳакими

183 Абӯалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб (иборат аз 10 ҷилд), Ҷилди 3, - Душанбе: Ирфон, 1985, - с. 55.

184 Абӯалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб (иборат аз 10 ҷилд), Ҷилди 3, - Душанбе: Ирфон, 1985, - с. 19.

пешина
аз 303
навбатӣ