Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Минҷумла, солҳои 60- уму 70-уми садаи сипаришуда академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба нашри китобҳои хурд қонеъ гардида, бархе аз мушкилоти аҳди Шӯравиро натиҷаи тасодуми фикрии Ғарбу Шарқ мавриди арзёбӣ қарор медиҳад, дар ҳоле ки он замон бинобар истифода аз вожаи Шарқ кишварҳои ба лагери сусиёлистӣ ҳамоҳангро дарк менамуданд ва бо истифода аз Ғарб фақат ҷомеаи тавсеаёфтаи Аврупои Ғарбӣ ва Иёлоти Муттаҳидаро дар назар доштанд, аммо аксар уламо чун Акбар Турсон бо истифода аз номвожаҳои шарқу ғарб қитъаҳои Осиё ва Аврупоро фаҳм карда, омили таназзули зеҳнии якеро дар дигарӣ меҷустаанд. Ҳамчунин, сатҳи андешаронӣ дар нахустин монографияи илмии мавсуф ва ихтисосӣ бо унвонии “Эҳёи Аҷам” мушоҳида мешавад, ки Ғарб дар муқобили Шарқ баррасӣ ёфтааст. Лозим ба ёдоваист, ки тарзи тафаккур ва баёни андешаи мавсуф дар замони соҳибистиқлолӣ тақвият ёфта, таносуби қитъавӣ аз байн рафтааст ва ҷойи он муноқишаҳоро мунозираҳои ҷадиде андар чигунагии инсони муосир ишғол намудаанд, вале бояд мутазаккир шуд, ки афзал донистани як ҷониб аз муноқишаҳову мунозираҳо чӣ дар гузашта ва чӣ дар замони муосир мушоҳида мешаванд.
Масалан, солҳои 80-ум зимни баррасии андешаи ҳукуматкунанда дар муҳити илмии Ғарб ба манфиатҷӯён истинод оварда, баъзан баҳогузории муғризонаро дар сухани эшон ошкор месозад: “Дар адабиёти илмии Ғарб ҳангоми аз нашъунамои илму фалсафаи халқҳои эронинажод андеша рондан аввал онро ҳамчун “афрузиши ногаҳонии камолоти ақлии муслимин” қаламдод мекунанд ва сонӣ, танҳо як худи омилҳои беруна(баст ёфтани фарҳанги Юнон ва ҳатто дини ислом) – ро заминаи асосии падидаи мазкура ҳисоб мекунанд.

пешина
аз 303
навбатӣ