БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Онҳое, ки мутақоид ба дуаслӣ ва баррасии неку бад дар маҳалли худ ҳастанд, сахт иштибоҳ мекунанд, чунки тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии мансуб ба ориёиҳои қадим неку бад дар замини тафавути нисбат ба якдигар доштаашон матраҳ насохтаанд ва ин ки дини Зартушт оташро меҳвари парастиш қарор додааст, ҳақиқати воқеӣ надошта, ҳарфе аз қабили туҳмат ба шахсияти ӯст. Ба қавли Музаффарӣ, “фикр ҷаҳонро офаридааст, на ҷаҳон фикрро”. Гузашта аз ин, Музаффарӣ бадин бовар аст, ки тасодуми фикр ва гуногунии биологӣ омили пешрафт ва якрангиву яккасолорӣ нишони маҳвшавӣ маҳсуб мешавад.
Аз ҳамин хотир, зимни таҳқиқи андеша ва ҷаҳонбинии ориёӣ чунин менависад: “Агар ҳамаи одамон дар тафаккури худ андешаи зинда мондан ва мутобиқ шуданро парваранд, зиндагӣ моҳияти худро гум мекунад”165.
Ориёҳои қадим “Мани номаҳдуд”-ро нодиданӣ пиндоштаанд ва ин тамоили худогоҳии
165
Музаффари М. Системная антропология, - с. 47.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо