Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Бинобар ин, падидаи муосир ҷиҳати баррасии ҳувияти фарҳангӣ махлут шудани фарҳанг бо сиёсат аст ва ин падида беш аз пеш дар кишварҳои абарқудрат ба унвони чандфарҳангӣ (multikultur) мушоҳида мешавад. Клинтон сиёсати чандфарҳангиро алайҳи идеяи қаблан вуҷудошта, ки таҳияи миллати воҳиди амрикоӣ буд, оғоз кард, ки он аз лиҳози муҳтаво бо падидаи ба расмият пазируфтани гугогунии фарҳангӣ бархурд менамуд, аммо ҳадаф аз роҳандозӣ шудани чунин сиёсати фарҳангӣ ҷалби аққалиятҳо ва ҳимояи онҳо дар интихобот буд. Файласуфи муосир Бенҳабиб муътақид аст, ки “ҳар навъи фарҳанггироӣ худро тавзеҳ намедиҳад, зеро тавассути қаринаи иҷтимоии хос муайян мегардад, аммо маҳкумшавии вижагиҳои чандфарҳангӣ дар миқёси бузург аз заъфи ҷомеашиносӣ гувоҳӣ медиҳад”163.
Равобити фарҳангии ом на ба сурати табиӣ, балки ба навъи татбиқшавӣ дар муҳити сиёсии иҷтимоӣ анҷом мепазирад. Сиёсати мазкур ҳам дар Иёлоти Муттаҳида ва ҳам дар Федератсияи Россия мубтанӣ бар омилҳои фарҳангӣ нестанд ва агарчи ба гуногунии фарҳангӣ асос ёфтааст,

Бенхабиб С. Притязания культуры, - с. 135.

пешина
аз 303
навбатӣ