БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Наметавон гуфт, ки тоҷикон афкори таҳмилшударо пайгирӣ карда, бар пояи нубуғ расидаанд. Агар нақши фарҳангофаринии тоҷикӣ намебуд, ҳеҷ тоҷике дар олам пазируфта намешуд ва гузашта аз ин, онҳоро дигарон моли худ намепиндоштанд. Ҳатто ҳастии вожаи тоҷикро дар шакли пеш аз исломӣ таҳти унвони “тожик” инкор мекунанд ва бар манобеъ, ки мустаъмал будани ин вожаро дар забонҳои бохтарӣ ва суғдӣ бо истидлол исбот намудаанд, эътироз намуда, вижагиҳои ба он мансубро мехоҳанд бо замони нуфуз ёфтани фарҳанги арабӣ бибаранд. Ба қавли Ғулом Ҷелонии Доварӣ забони ориёӣ мансуб ба забони санскритии ведоӣ буда, калидвожаи “тоҷик” шакли арабгардидаи “тожик” аст.
Ин фикр аз ҷониби файласуф Комил Бекзода ва бостоншинос Юсуфшо Ёқубов низ матраҳ шуда, мавриди баррасӣ қарор ёфтааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо