Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Абӯрайҳони Берунӣ низ дар
"Осорулбоқия" ба ин ҳақиқатнигории аҳли
қалам ихтилоф надорад. Хайёми Нишопурӣ
Наврӯзро аз нигоҳи илми нуҷум баррасӣ карда,
пайдоиши онро аз дастрасии бархе аз ниҳонҳои
илми солшуморӣ медонад. Ибни Балхӣ низ дар
“Форснома” ба мавзуи фавқ дахолат варзида
барпо кардани Наврӯзро тааллуқоти эътиқодии
ориёҳои қадим донистааст. Расми дигари
ориёиҳои қадим ин аст, ки онҳо рӯзи нав ҳафт
намуди ғалларо дар канори хона мекоштанд ва аз
рӯидани ин ғалла ба натиҷаи зироат дар оянда
пешгӯӣ менамуданд. Дар ин рӯз шустушӯи бадан
ҳатмӣ буд. Ҳамчунин, мардум ба якдигар об
мепошиданд, то ки рӯзи нав тозаю хуҷаста
бошад. Фалсафаи Наврӯз низ эҳёи ботиниро
дарбар мегирад. Ориёиҳои аҳди бостон ҳамасола
дар баҳманмоҳ, ки байни Садаву Наврӯз қарор
дорад, аз истеъмоли гушт парҳез менамуданд ва
ғолибан, маводи гиёҳу рустаниро дар ғизо
истифода мекарданд. Агар ба тарзи омодасозии
ғизо аз ҷониби тоҷикони муосир назар афканем,
хоҳем дид, ки онҳо дар ин моҳ имрӯз низ
гиёҳҳоро беш аз пеш истифода менамоянд. Аммо
ин иқдомҳо заминаи табиӣ доранд, чунки аксар
ҳайвонҳои хонагӣ дар ин муҳлат лоғар гардида,
ниёз ба эҳёи дубора доранд ва шояд ҳамин омил
ориёиҳои қадимро водор сохтааст, ки аз хӯрдани
гушт парҳез кунанд. Дар қиёс бо чунин ҳашмати фарҳанг, ки ҳазорсолаҳо давом пазируфтаанд, баъзе аз анъанаҳои дар Шуравӣ ва генералгубернатории Туркистон падидомадаро матраҳ месозем.

пешина
аз 303
навбатӣ