Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Баръакси муносибатҳои
зудтағйирёбандаи идеологӣ ва муносибатҳои
иҷтимоӣ, менталитет бештар табиати доимӣ
дорад, зеро дар он одатҳои устувор, одоб ва
шаклҳои рафтор инъикос меёбад. Бинобар ин,
тоҷикон менталитети хоси худро доранд, ки онро
аз ниёи худ мерос гирифтаанд ва вижагии он ба
ҳайси зеҳнияти такмилёфта дар гузашта ва имрӯз
пазироии дунё алайҳи дунёбезории сомӣ
мебошад. Агар ба вижагиҳои зиндагӣ ва тарзи
тафаккури тоҷикон таваҷҷуҳ кунем, дер ё зуд
дармеёбем, ки онҳо бинобар иқрори лафзии
пайрави ислом буданшон, боз аз падидаҳое
дастгирӣ мекунанд, ки хоси ориёиҳои қадим
мебошанд. Асолати миллӣ ҷиҳати баён доштани
тарзи тафаккур дар тоҷикон вижагиҳои дунявӣ
дорад, чунки осори гаронқадри ориёӣ ва
адабиёти паҳлавӣ гетиороиро чун падидаи аслии
созвораи иҷтимоӣ муаррифӣ мекунанд. Аммо
андешаи марбут ба исломгароӣ ва пазироии
ақидаи аҷнабӣ тоҷиконро дар созишу иртиқои
дугунае ба унвони ҳамоҳангии дунявият бо
хиради раҳбонӣ, ки маҳсули тафаккури сомӣ
мебошад, олуда сохтааст. Ирқан тоҷикон ориёӣ
ҳастанд ва лаҳни онҳо ба гурӯҳи забонҳои
ҳиндуаврупоӣ ворид мегардад, аммо бовариҳои
динӣ онҳоро бо ақвоми бадавии нимҷазираи
Арабистон ва соири тангчашмони қитъаи Осиё
наздик кардааст. Бинобар ин, ҳувияти фарҳангии тоҷикӣ вижагиҳое махлут дар заминаи олудагии ду навъи тафаккур (дунявӣ ва раҳбонӣ, ориёӣ ва сомӣ) аст ва таҳқиқи чунин вижагиҳо аз ҳадафҳои аслии нигоранда маҳсуб мешавад.

пешина
аз 303
навбатӣ