Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Инчунин, равиши монавиён дар қатъ кардани хоҳишу нафси худ ҳар гоҳ, ки хотир ба ҷимоъ майл кунад... Дайрнишиниву хонақоҳгузинии исавиён ва дар масҷид гӯшанишинӣ кардани мусалмонон ва худдорӣ аз касб ва камиро дар таъому хӯрдани ғизоҳои ногувор ихтиёр намудан ва пӯшидани либоси дуруштро низ метавон аз ҳамон қабил шумурд”153. Ин ҳарф, ки Розӣ ҳазор сол пеш изҳор доштааст, бори дигар исбот менамояд, ки авомили дунёбезорӣ пеш аз ҳама таассуби динӣмазҳабӣ маҳсуб мешавад.
Дар бештари маворид дунё дар муқобили дин истифода шуда, замни пазироии он андешаи канор рафтан аз дунё ба унвони наҷот аз олудагиҳои инҷаҳонӣ баррасӣ мегардад. Дунё дар таззод бо вожаи “охират” қиёс шуда, андешаи нодуруст дар мавриди он тавассути амр ба маъруфҳо паҳн гардидааст. Дунёро бештар ба маънии қаноат наварзидан донистаанд ва ибораи “тарки дунё” дар асли пайдоиш дар заминаи аксуламали пурхӯрӣ ва пургӯӣ тавлид ёфтааст.
Ба қавли мутафаккири маорифпарвар Аҳмади Носируддин, сарчашмаи ҳамаи дунёбадбиниҳо ва дунёгароиҳо худхоҳӣ ва нохудогоҳӣ аст: “Ва ҳамаи он хитобот, ки дар боби ашхоси аҳлуннор омада, ҳама омми мутлақ аст. Ва ҳар ҷо дар

Розӣ Закариё. Мунтахаби осор, - Душанбе: Адиб, 1989, - с. 40.

пешина
аз 303
навбатӣ