Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Бузургтарин иштибоҳи
муслимин низ дар гузашта ва алҳол қиёсҳои
бемаврид ва муқобилгузориҳои ноҷост, ки тибқи
он дин бар зидди дунё баррасӣ ёфтааст. Ҳақиқати
инсон шабонарӯзӣ дар таҳқиқи хеш мегузарад ва
ин муддат ҳамагон пайи рафъи мушкилот
ҳастанд. Агар мо низ дунёбадбиниро чун
дунёбезорӣ таблиғ кунем, пас ояндагон фақат
розҷӯ мешаванд ва ба дине, ки мо аз он пайравӣ
мекунем, ғайри иҷрои воҷиботи он ҳеҷ иртиботе
пайдо нахоҳад кард. Яъне, дунёе, ки аҳли
тасаввуф онро мазаммат намудаанд, ғафлат
ҷӯстан аз худу Худост, на он дунёе, ки мо дарк
мекунем, чунки ин ҷаҳонро инкор кардан
раҳбоният аст ва раҳбоният хоси ҳамон
таҳрифотест, ки башар дар замонҳои мухталиф
ба китобҳои осмонӣ ворид сохтаанд. Ҳанӯз дар
замони Сомониён файласуфи тоҷик Закариёи
Розӣ ҷиҳати анҷом додани амалҳои
тахрибкорона мисли худкӯшӣ, ё пӯшидани
либосҳои дурушт аз хотири наздикшавӣ ба Худо
изҳори нигаронӣ карда, сарчашмаи ин зуҳуротро
ҷустуҷӯ мекунад: “Азбаски ҳукми ақлу адл озор
ба ғайрро раво намедорад, пас расонидани озор
ба худ низ ҷоиз нест. Ин афкор ҳам дорои
ҷузъиёти зиёдест, ки ақл дар тавзеҳи он оҷизӣ
мекунад. Масалан, амали мардуми Ҳинд дар
сӯхтани ҷасадҳои худ ва афкандани худ бар
оташи сӯзон ба мақсади ба Худо наздикӣ пайдо намудан.

пешина
аз 303
навбатӣ