БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Яъне, онҳое ки худро маърифат карданд, башар набуданд ва башар бинобар нуқси маънавӣ, ки зотан дар ӯст, ба ҷурми норасоии ақлӣ дунёро истиқбол хоҳад кард. Оё шумо наяндешидаед, ки ҷиҳати баррасӣ ва бо истифода аз вожаи “дунё” аксар уламои кишвар ба иблоғи “тафаккури раҳбонӣ” замина мегузоранд? Агар тарзи тафаккур ва сатҳи эътимоди тоҷиконро дар давоми садсолаҳои охир таҳқиқ кунем, инчунин хулоса хоҳем кард, ки онҳо бо бардошт аз мероси хаттии барҷомонда дар васфи ақидаҳои исломӣ фақат тафаккури раҳбониро беш аз дигарон қабул доштаанд, дар ҳоле ки ягона дини бо раҳбоният муқовиматкунанда ислом аст ва онҳое, ки рисолаҳо нигоштанд, маънии ирфонии истилоҳи арабии “дунё”-ро барои дигарон таҳмил намуданд ва оқибат шакли порсии он бо унвони “гетӣ” фақат дар осор боқӣ монду дар лаҳни мардумон не. Инак, аркони фарогири ин тамоили дар раҳбоният нуҳуфтаро ин ҷо баррасӣ мекунем:
- Эҷоди раҳбоният бинобар таҳриф намудани кутуби осмонӣ; 2. Даъват ба гӯшанишинӣ ва таҳияи маслакҳои мухталиф аз хотири иблоғи парешониву паркандагӣ; 3. Мазаммати дунё ва ҷилавгирӣ аз рушди ҷамоат; 4.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё