БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Ҳар фарҳанге ва ҳар тамаддуне, ки бартарӣ пайдо кардааст, асолати худро дорад, агарчи масоили синтези фарҳангҳо ва баҳамоии тамаддунҳо дар гузашта ва имрӯз новобаста аз хоҳишҳоямон амалан татбиқ мешаванд. Вақте ки инсон дар фарҳанги худ вижагиҳои созандаро дарнамеёбад, бидуни ихтиёр ба фарҳангҳое муроҷиат мекунад, ки алҳол бар соири фарҳангҳо ғалаба кардаанд.
Фард новобаста аз ин ки бохабар аст ё бехабар, мехоҳад бофарҳанг бошад, аққалан худро дар ҳузури дигарон бофарҳанг ҷилва созад. Бинобар ин, афроди дар ҳоли нохудогоҳӣ ба Ғарб раҳсипор мешаванд фақат бо як ҳадаф, ки он ҷо фарҳанги ғолибро ҷустуҷӯ кунанд, дар ҳоле ки фарҳанг макон надорад ва агар дошта бошад, ҳатман ботини инсонҳост он, лекин ба ҳамин фарҳангҷуяндагон, боз афроди дар ғафлат қарордоштае низ ҳастанд, ки дар хурофот ва таассуби динӣ хештанро бохтаанд. Бинобар ин, онҳоро интеллекти маснӯӣ гуфта, бар нафъи худ дигарон истифода хоҳанд кард. Махсусан, дар замони муосир, ки аллакай чандин даҳсолаҳо раванди ҷаҳонишавӣ татбиқ мегардад, аммо боз афроде пайдо мешаванд, ки бинобар пайдоиши мушкилӣ роҳи наҷотро дар инкори раванди мазкур мебинанд, бехабар аз ин ки як худи Интернет низоми коммуникатсионии ҷаҳонро таҳия карда, масъалаи синтезу баҳамоии фарҳангҳоро метезонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё