БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Ин андеша дар мадди аввал, аз ҷониби рӯҳониён дар ҳамаи адён таблиғ ёфта, ҳоли ҳозир силоҳи қудратҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати дар ҳоли рукут ва инҳитот қарор додани кишварҳои рӯ ба инкишоф маҳсуб мешавад. Ҳатто, сафарномаҳо дар гузашта ва имрӯз ду навъи афкори мутазаккирро тавсеа додаанд: Сафарномаи Носири Хусрави Қубодиёнӣ андешаи дунявӣ дошта, мусанниф дар он бо сабки хос воқеанигорӣ намудааст, аммо бар хилофи ӯ Абдураҳмони Ҷомӣ дар сафарномаи ирфонии худ бо унвони “Хирадномаи Сикандарӣ” хусусиятҳои тафаккури сомиро то андозае иблоғ кардааст. Аз ин хотир, проблемаҳои ҳувияти фарҳангиро дар раванди ҷаҳонишавӣ муайян кардани мавқеи худро дар фазои фаромиллӣ ташкил медиҳад.
Бояд қайд кард, ки ҳануз дар шароити ҷаҳонишавӣ, бахусус дар заминаи тамоюлҳои ба ҳам мухолиф, дониши фалсафӣ ва назариявии проблемаи ҳувияти фарҳангии ҷомеаҳои муосир нокифоя аст. Аз ин рӯ, аҳамиятнокии омӯзиши фалсафӣ ва методологии проблемаи табдилёбии ҳувияти фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ барои дарки хусусиятҳои рушди тамаддуни муосир комилан муҳим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё