Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

МУҚАДДИМА
Дар тамаддунҳои муосир асоситарин бархурди бисёрҷабҳа, аз як сӯ, ҷаҳонишавист, аз сӯйи дигар дар ин замина мушкилоти ташаккулёбии ҳувияти фарҳангии ҷомеаҳои муосир маҳсуб мешавад. Ҳувияти фарҳангии ҷомеа падидаи мураккабу басе барои баррасии пайваста эҳтиёҷдоштаи иҷтимоиву равонӣ мебошад, ки ниёзҳои равонии фардро ҷиҳати “Ӯ кист? Ҷои вай куҷост?” ва амсоли онҳо фарогир буда, дар иртибот бо ягонагии муҳит ҷиҳати таҳия ва бартарии умумияте чун умумияти забонӣ, динӣ ва миллӣ густариш меёбад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ беш аз пеш ҳувияти фарҳанги миллӣ нуфуз карда, оқибат ба сатҳи болоии хеш такмил хоҳад ёфт, чунки дар фарҳанг аносир намемиранд, балки васеъ мешаванд ва тараққӣ мекунанд. Аҳамияти амалии мавзуи таҳқиқ бо ҳадафи шиносоии стратегӣ - тактикӣ дар заминаи мушкилиҳои ҳувияти фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон иҷро мегардад. Муваффақ шудани ҷомеаи мазкур дар фазои ҷаҳонӣ дар шароити шаклгирии иқтисоди бозорӣ ҷиҳати тақвият ёфтани пояҳои давлат ва ҳувияти фарҳангии шаҳрвандон арзёбӣ мешавад.
Махсусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ё худ ҷаҳонисозӣ, ки раванди мазкур бештар ба суди қудратҳои ҷаҳонӣ ва дар зиёни кишварҳои рӯ ба инкишоф баррасӣ мешавад, гурӯҳе аз давлатҳоро ҷиҳати дастрасии истиқлоли давлатӣ ва гурӯҳи
дигарро бобати маҳви вижагиҳои истиқлолхоҳӣ
бинобар роҳандозӣ шудани аҳдофи геосиёсӣ
дармеёбем, ки воқеияти ҷаҳони муосирро дар бар
кардааст. Бинобар ин, тасмим гирифтем
масъалаи ҳифзи истиқлоли давлати тоҷиконро
дар чунин авзоъ бо дарназардошти рушди
илмҳои ҷомеашиносӣ мавриди таҳқиқ қарор
диҳем. Айни замон, ҷомеашиносии Ғарб дар
таҳмили андешаҳое ва кирдорҳое сахткуш
мебошад, ки онҳо дар таърих мавқеъ наёфта,
зимни рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа дар
замони постмодерн ба партов мубаддал
гардидаанд. Пеш аз ҳама, дар зумраи инчунин
партовҳои маънавӣ мо таассуб ва зӯроварии
диниро мушоҳида карда, бегумон ба хулосае
меоем, ки агар Ғарб фақат аз роҳи ҷудо кардани
дин аз давлат дар замони Эҳё рушди
ҳамаҷонибаро барои давлатҳои дар ғарби
Аврупо қарордошта таъмин гардонид, вале
кунун ҷиҳати боздошти кишварҳои рӯ ба
инкишоф ва таъмин намудани қудрати ҷаҳонии
худ андешае дар қолаби ҳамоҳангии дину давлат
таблиғ карда, ба зуҳур ва фаъолияти густурдаи
аҳзобу наҳзатҳову гурӯҳҳои террористии сатҳи
ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Эҷод намудани
монеаҳо дар рушду тақвият ёфтани истиқлол дар
дилхоҳ мамлакат маҳсули тафаккур ва идеяи
ҷаҳонисозӣ аст, ки нақши калидии баҳамовариро дар фаъолияти сиёсии раҳбари давлат инкор мекунад ва низоми сиёсиро тавре баррасӣ медиҳад, ки ба ормонҳо ва нақшаҳои геосиёсии абарқудратҳо мувофиқ бошанд.

пешина
аз 303
навбатӣ