БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Ҷомеашиносон ҳануз дар замони Шуравӣ ин ақидаро иброз доштаанд, ки шаҳри Душанбе осорхонаи таърихи аҳди бостон буда, ҳануз дар асри XVIII барои сокинонаш чандин тамаддун ва фарҳангҳои мухталиф омехта шудаанд, чунки дар миёни афроде, ки дар Душанбе он айём сукно доштанд, ғайр аз муслимин, пайравони яҳудият ва масеҳият низ будаанд ва новобаста аз тафаккур гуфтугӯи онҳо оғоз гардидааст.
Душанбе чун маркази маъмурӣ ва аз лиҳози ҳарорат мутобиқ ҷиҳати иқомат ва маскуншавӣ ғайр аз тоҷикони соҳибфарҳанг боз миллали мутамаддинро низ ба худ мутаваҷҷеҳ сохтааст.
Ҳануз дар садаи XVIII яҳудиёни Бухоро назди амири манғит арз карданд, ки мехоҳанд ғайр аз маркази Аморат, боз дар мавзеи Душанбе бобати раҳли иқоматгузинии абадӣ иҷозат бигиранд. Он овон дар ин мавзеъ, ки дар манобеъи русӣ "Бухорои Шарқӣ" номгузорӣ шудааст, масеҳиён низ сукунат доштанд ва коршиносони Русияи подшоҳӣ, ки ғолибан, яҳудитабор буданд, ин маконро беҳтарин ва мусоидтарин пиндошта, азм намуданд то мавзеи мазкурро аз марказҳои асосии имперотурии Русия дар Ховари Марказӣ табдил диҳанд. Муҳаққиқони муосир ғолибан ба назми Рӯдакӣ ҷиҳати иштиёқи амир ба Бухоро иктифо карда, ин тасвири шоири бузургро то кунун дар ҳар шакле изҳор менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё