Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Марказ дар осор ва сангнабиштаҳои аҳди бостон баррасӣ шуда, омили мартаба ва нуфузи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии рушди башарро бо дарназардошти таҳияи марказ ҷиҳати аз лиҳози сиёсӣ идора намудани дилхоҳ ҷомеа инъикос мекунанд. Дар замони муосир бошад, таваҷҷуҳ ба марказ ва рӯоварии аксар шаҳрвандони кишварҳо ба пойтахт аз вижагиҳои густариши ҳувияти фарҳангӣ шаҳодат медиҳад.
Лозим ба ёдоварист, ки замони постмодерн бинобар кӯчиши ҳангуфти аҳолӣ аз рустоҳо ба пойтахти давлатҳо муаррифӣ шуда, вижагиҳои ҳувияти фарҳангии миллатҳои муосирро ошкор месозад. Ба ибораи дигар муҳоҷирати аҳолӣ аз як мавзеъ ба мавзеи дигар ва хосатан аз русто ба шаҳр натиҷаи раванди тағйирёбии ҳувияти фарҳангист, ки дар навбати аввал вижагиҳои диалектикиро дар бар мегирад. Агар ин раванд боиси густариши ҳувияти фарҳангӣ намебуд, дар ҳеҷ сурат ҷомеашиноси машҳури амрикоӣ С.
Ҳантингтон макони густариши ҳувиятҳоро ба шаҳр ва муҳити шаҳрӣ мансуб намедонист.
Постмодерн тавассути раванде муаррифӣ мешавад, ки хусусияти аслии он ҳиҷрат аст ва сафарномаҳое, ки ниёкони мо, тоҷикон ҳазор сол муқаддам офаридаанд, ҳамин вижагиҳои ҳувияти фарҳангии дилхоҳ миллату кишвареро инъикос намудаанд.

пешина
аз 303
навбатӣ