БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

заъфи ҳувияти фарҳангӣ дар кишварҳои рӯ ба
инкишоф нуфузи бештар пайдо кардани
ҷаҳонбинии динӣ бар тафаккури техникӣ ва
таҳқиқоти илмӣ мебошад. Тибқи маълумоти
Зигмунд Бауман, ҳини саршумории аҳолӣ дар
Лаҳистон вақте ки аз мардум суол мекарданд, ки
шумо кистед, онҳо дар посух мегуфтанд, ки аҳли
фалон минтақаи кишвар мебошем ва ҳаргиз ба
ҳайсияти миллии худ ишора намекарданд. Аммо
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон зимни
посух гуфтан ба суоли матраҳшуда намояндагии
динии хешро изҳор мекунанд, ки далели
эътимоди онҳо ба ислом беш аз фарҳанги
миллист. Муҳаққиқи тоҷик Ҷамолиддин
Саидзода чунин меандешад, ки ҳувияти миллии
тоҷикон бинобар аз байн рафтани силсилаҳои
ҳоким чун Сомониён, Тоҳириён, Саффориён хеле
барвақт ва ҳазор сол муқаддам ба ҳувияти
мазҳабӣ табдил ёфта, аҳамияти фарҳангии худро
гум кардааст: “Лиҳозо, бо номи мусалмон
мезистанд, аз гуфтани миллати озода ва деҳқон
маҳрум шуда буданд, яъне дигар худро на деҳқон
ва на озода гуфта наметавонистанд, зеро зердаст
шуда буданд, танҳо бо ҳувияти мазҳабӣ
мезистанд”127. Маҳз ҳамин омили буҳронии
ҳувияти фарҳангиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
айни замон мушоҳида мекунем, чунки ғалабаи
127 Саидзода Ҷ. Гар хусрави курт бар далерон назадӣ. Минбари халқ, 2021, №46 (1340).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё