Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба ҳаштум биёмад Сиёвуш пагоҳ
Або гурд Пирон ба наздики шоҳ.

1660 Ба дастурии бозгаштан ба кох
Бирафтанд яксар ба кохи фарох.

Гирифтанд ҳар ду бар ў офарин,
Ки эй меҳрбон шаҳрёри замин

Ҳамеша туро ҷовидон бод рўз
Ба шодиву бадхоҳро пушт кўз!

В-аз он ҷойгаҳ бозгаштанд шод,
Басе аз ҷаҳондор карданд ёд.

Чунин низ як сол бо доду меҳр
Ҳаме гашт беранҷ гардонсипеҳр.

1665 Фиристода омад зи наздики шоҳ,
Ба назди Сиёвуш яке некхоҳ,

Ки пурсад туро номвар шаҳрёр,
Ҳаме гўяд, эй меҳтари номдор,

Аз эдар туро додаам то ба Чин,
Яке гирд баргарду бингар замин.

Ба шаҳре, ки орому рой оядат,
Ҳама орзуҳо ба ҷой оядат.

Ба шодӣ бибошу ба некӣ бимон,
Зи хушшӣ мапардоз дил як замон.

1670 Сиёвуш зи гуфтори ў гашт шод,
Бизад ною кўсу буна барниҳод.

Сипоҳу силеҳу нигину кулоҳ
Бибурданд бо ганҷ бо ў ба роҳ.

Фаровон иморӣ биёростанд,
Паси парда хубон биперостанд.

Фарангисро дар иморӣ нишонд,
Буна барниҳоду сипаҳро биронд.

Ба шодӣ бирафтанд сўи Хутан,
Ҳама номдорон шуданд анҷуман,

1675 Ки Пирони солор аз он шаҳр буд,
Ки аз бадгумониш бебаҳр буд.

пешина
аз 234
навбатӣ