Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Маро дида пуроб буд рўзу шаб,
Ҳамеша ба нафрин кушодам ду лаб:

Бар он кас, ки он шоҳро сар гирифт,
Бар он кас, ки он ташту ханҷар гирифт».

Дили Тус бахшоиш овард сахт,
Бар он номбардори гумкардабахт.

Бари Рустам омад, бигуфт ин сухун,
Ки афканда пури сипаҳдор бун.

195 Чунин гуфт Рустам, ки гар шаҳрёр
Чунон доғдил шояду сўгвор,

Ҳамеша дилу ҷони Афросиёб
Пур аз дард бодо ду дида пуроб.

Ҳамин кўдак аз пушти он бадҳунар
Ҳаме чораву ҳила созад дигар.

Нишонда Сиёвуш ба хок-андарун,
Бару ёлу мўяш шуда ғарқи хун.

Ба ҷону сари шоҳи Эронзамин,
Сарафроз Ковуси боофарин,

200 Ки то ман ба гетӣ бувам, зиндаро
Зи туркон агар шоҳу гар бандаро

Ҳар он кас, ки ёбам, сарашро зи тан
Бибуррам аз он марз в-аз анҷуман.

Ба сўи Завора нигаҳ кард шер,
Бифармудаш он хуни бас ногузир.

Ҳамон ташту ханҷар Завора бибурд,
Ҷавонро бад-он рўзбонон супурд.

Сарашро ба ханҷар буриданд зор
Замоне хурўшиду баргашт кор.

205 Ҷаҳоно, чӣ хоҳӣ зи парвардагон?
Чӣ парвардагон? –Доғидилбурдагон!

Сар аз тан ҷудо карду бар дор кард,
Ду пой аз бари сар нагунсор кард.

Бар он кушта аз кин барафшонд хок,
Танашро ба ханҷар бикарданд чок.

Лашкар кашидани Афросиёб
ба кини писар

Чу лашкар биёмад зи дашти набард,
Танон пур зи хуну сарон пур зи гард.

Бигуфтанд, к-он номвар кушта шуд,
Чунон давлати тез баргашта шуд.

210 Бурида сарашро нагунсоркард,
Танашро ба хун ғарқа бар дор кард.

пешина
аз 234
навбатӣ