Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Камарбанд бигрифт в-аз пушти зин
Бароварду ногаҳ бизад бар замин.

170 Пиёда ба пеш андарафканд хор,
Ба лашкаргаҳ овардаш аз корзор.

Дурафши Таҳамтан ҳамон гаҳ зи роҳ
Падид омаду бонги пилу сипоҳ.

Фаромарз пеши падар шуд чу гард
Ба пирўзӣ аз рўзгори набард.

Ба пеш - андарун Сурхаро баста даст,
Бурида Варозодро ёл паст.

Ҳама ғору ҳомун пур аз кушта буд,
Сари душман аз ҷанг баргашта буд.

175 Сипоҳ офарин хонд бар паҳлавон,
Бар он номбардор гурди ҷавон.

Таҳамтан бар ў офарин кард низ,
Ба дарвеш бахшид бисёр чиз.

Яке достон зад бар ў пилтан,
Ки «Ҳар кас, ки сар баркашад з-анҷуман,

Ҳунар бояду гавҳари номдор,
Хирад ёру фарҳангаш омўзгор.

Чу ин чор гавҳар ба ҷой оварад,
Ба мардӣ ҷаҳон зери пой оварад.

180 Аз оташ набинӣ ҷуз афрўхтан,
Ҷаҳоне чу пеш оядаш сўхтан».

Фаромарз нашгифт, агар саркаш аст,
Ки пўлодро дил пур аз оташ аст».

Чу овард бо санги хоро кунад,
Зи дил рози хеш ошкоро кунад.

Ба Сурха нигаҳ кард пас пилтан,
Яке сарви озод буд дар чаман.

Бараш чун бари шеру рух чун баҳор.
Зи мушки сияҳ карда бар гул нигор.

185 Бифармуд пас, то барандаш ба дашт
Або ханҷару рўзбонону ташт.

Бубанданд дасташ ба хамми каманд,
Бимоланд бар хок чун гўсфанд.

Ба сони Сиёвуш сарашро зи тан
Бибурранду каргас бипўшад кафан.

Чу бишнид Туси сипаҳбад, бирафт,
Ба хун рехтан рўй бинҳод тафт.

Бад-ў Сурха гуфт: «Эй сарафроз шоҳ,
Чаро кушт хоҳӣ маро бегуноҳ?

190 Сиёвуш маро буд ҳамсолу дўст,
Равонам пур аз дарду андўҳи ўст.

пешина
аз 234
навбатӣ