Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу Шедушу Фарҳоду Гургину Гев
Чу Руҳҳому Шопуру Харроди нев.

Фарибурзу Ковусу Баҳароми шер,
Гуроза, ки буд аждаҳои далер.

Бад-эшон чунин гуфт Рустам, ки «Ман
Бад-ин кин ниҳодам дилу ҷону тан,

70 Ки андар ҷаҳон чун Сиёвуш савор
Набандад камар низ як номдор.

Чунин кор яксар мадоред хурд,
Ки ин кинаро хурд натвон шумурд.

Зи дилҳо ҳама тарс берун кунед,
Заминро зи хун рўди Ҷайҳун кунед.

Ба Яздон, ки то дар ҷаҳон зиндаам,
Ба дарди Сиёвуш дил огандаам.

Бад-он шаххи бенам, куҷо хуни ўй
Фарў рехт нокордида Гурўй,

75 Бимолид хоҳам ҳаме чашму рўй,
Магар бар дилам кам шавад дарди ўй.

В-агар ҳамчунонам бар ў баста ҷанг,
Ниҳода ба гардан барам полаҳанг,

Ба хок афканад зор чун гўсфанд,
Ду дастам бубаста ба хамми каманд.

В-агарна ману гурзу шамшери тез,
Барангезам андар ҷаҳон растахез.

Набинад ду чашмам магар гарди разм,
Ҳаром аст бар ҷони ман ҷоми базм».

80 Куноранг бо паҳлавон ҳар кӣ буд,
Чу з-он гуна гуфтори Рустам шунуд,

Ҳама баргирифтанд яксар хурўш,
Ту гуфтӣ, ки Эрон баромад ба ҷўш.

Аз Эрон яке бонг баршуд ба абр,
Ту гуфтӣ замин шуд куноми ҳизабр.

Бизад мўҳра бар пушти пилон ба ҷом,
Сипаҳ теғи кин баркашид аз ниём.

Баромад харўшидани говдум,
Дами ною рўину рўинахум.

85 Ҷаҳон шуд пур аз кини Афросиёб,
Ба дарё, ту гуфтӣ, ба ҷўш омад об.

Набуд ҷой пўяндаро бар замин,
Зи найза ҳаво монд андар камин.

пешина
аз 234
навбатӣ