Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
50 Сиёвуш зи гуфтори зан шуд ба бод,
Хуҷаста зане, к-ў зи модар назод.
Зи шоҳон касе чун Сиёвуш набуд.
Чу ў роду озоду хомуш набуд.
Дареғ он руху бурзу болои ўй,
Дареғ он рухи хусраворои ўй,
Дареғ ончунон номвар шаҳрёр,
Ки чун ў набинад дигар рўзгор.
Чу бар гоҳ будӣ, баҳорон будӣ
Ба базм афсари шаҳрёрон будӣ.
55 Ба разм-андарун шеру бабру паланг,
Надидаст кас ҳамчу ў тезчанг.
Кунун ман дилу мағз то зиндаам,
Ба кини Сиёвахш огандаам.
Ҳама ҷанг бо чашми гирён кунам,
Ҷаҳон чун дили хеш бирён кунам».
Куштани Рустам Судобаро
ва лашкар кашидан
Нигаҳ кард Ковус дар чеҳри ўй,
Чунон ашки хунину он меҳри ўй.
Надод эч посух мар ўро зи шарм,
Фурў рехт аз дидагон оби гарм.
60 Таҳамтан бирафт аз бари тахти ўй,
Сўи кохи Судоба бинҳод рўй.
Зи парда ба гесўш берун кашид,
Зи тахти бузургиш дар хун кашид.
Ба ханҷар ба ду нима кардаш ба роҳ,
Наҷунбид бар тахт Ковусшоҳ.
Биёмад ба даргоҳ бо сўгу дард,
Пур аз хун ду дида, ду рухсора зард.
Ҳама шаҳри Эрон ба мотам шуданд.
Пур аз дард наздики Рустам шуданд.
65 Ба як ҳафта бо сўгу бо оби чашм
Ба даргоҳ биншаст бо дарду хашм.
Ба ҳаштум бизад нои рўину кўс,
Биёмад ба даргоҳ Гударзу Тус.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё