Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳама ҷома карда кабуду сиёҳ,
Ҳама хок бар сар ба ҷои кулоҳ.

Расидани Рустам ба назди Ковус

Пас огоҳӣ омад сўи Нимрўз,
Ба наздики солори гетифурўз,

30 Ки аз шаҳри Эрон баромад хурўш,
Зи марги Сиёвуш ҷаҳон шуд ба ҷўш.

Пароканд Ковус бар тоҷ хок,
Ҳама ҷомаи хусравӣ кард чок.

Сиёвахшро сар буриданд хор,
Ба хок андаромад сари шаҳрёр.

Таҳамтан чу бишнид, з-ў рафт ҳуш,
Зи Зобул ба зорӣ баромад хурўш.

Ба ангушт рухсора барканд Зол
Пароканд хок аз бари тоҷу ёл.

35 Яке ҳафта бо сўг гаштадижам,
Ба ҳаштум баромад зи шайпур дам.

Сипаҳ сар ба сар бар дари пилтан
Зи Кашмиру Кобул шуданд анҷуман.

Ба даргоҳи Ковус бинҳод рўй,
Ду дида пур аз хуну дил кинаҷўй.

Чу наздикии шаҳри Эрон расид,
Ҳама ҷомаи паҳлавӣ бардарид.

Ба додори доранда савганд х(в)ард,
Ки ҳаргиз танам бесилеҳу набард

40 Набошад, на рухро бишўям зи хок,
Сазад, гар набошем аз ин сўгнок,

Ки то кинаи шоҳ боз оварам,
Сари душманон зери гоз оварам.

Кулаҳхўду шамшер ҷоми ман аст,
Ба бозу хами хом доми ман аст.

Магар кини он шаҳрёри ҷавон
Бихоҳам аз он турки тираравон.

пешина
аз 234
навбатӣ