Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
10 Ҳаме хоҳам аз довари кирдгор,
Ки чандон амон ёбам аз рўзгор,
К-аз ин номвар номаи бостон
Бимонам ба гетӣ яке достон.
Ки ҳар кас, ки андар сухан дод дод,
Зи ман ҷуз ба некӣ надорад ба ёд!
Бад-он гетиям низ хоҳишгар аст,
Ки бо зулфиқор асту бо минбар аст.
Манам бандаи аҳли байти набӣ,
Сарафканда бар хоки пои васӣ
15 Ба гуфтори деҳқон кунун бозгард,
Нигар,то чӣ гўяд сароянда мард.
Огоҳ шудани Ковус аз кори Сиёвуш
Чу огоҳӣ омад ба Ковусшоҳ,
Ки шуд рўзгори Сиёвуш табоҳ,
Ба кирдори мурғон сарашро зи тан
Ҷудо кард солори он анҷуман.
Аз ин бегуноҳиш нахчир зор
Гирифтанд шеван ба ҳар кўҳсор.
Бинолад ҳаме булбул аз шохи сарв
Чу дурроҷ зери гулон бо тазарв.
20 Ҳама буми Турон пур аз доғу дард,
Ба боғ-андарун барги гулнор зард.
Яке ташт бинҳод заррин Гурўй,
Бупечид чун гўсфандон-ш рўй,
Буриданд аз тан сари шоҳвор,
На фарёдрас буду на хостор.
Чу ин гуфта бишнид Ковусшоҳ
Сари тоҷдораш нагун шуд зи гоҳ.
Ҳама ҷома бидриду рухро биканд,
Ба хок андаромад зи тахти баланд.
25 Бирафтанд бо мўя эрониён,
Бар он сўг баста саворон миён.
Ҳама дида пурхуну рухсора зард,
Забон аз Сиёвуш пур аз ёдкард.
Чу Тусу чу Гударзу Геви далер,
Чу Шопуру Фарҳоду Баҳроми шер.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё