Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Пушаймон шуд аз бад, куҷо карда буд,
Димор аз дили худ бароварда буд.
Бад-ў гуфт: «Бар ман бад ояд басе,
Суханҳо шунидастам аз ҳар касе.
Пур ошўбу ҷанг аст ин рўзгор,
Ҳаме ёд дорам зиомўзгор,
2630 Ки аз тухмаи Тур в-аз Кайқубод
Яке шоҳ сар барзанад бонажод.
Ҷаҳонро ба меҳри вай ояд ниёз,
Ба Эрону Турон барандаш намоз.
Кунун буданӣ ҳар чи боист, буд,
Надорад ғаму дарду андеша суд.
Мадоредаш андар миёни гурўҳ,
Фиристед назди шубонон ба кўҳ.
Бад он, то надонад, ки ман худ киям,
Бад-эшон супурда зи баҳри чиям.
2635 Наёмўзад аз кас хирад бонажод,
Зи кори гузашта наёяд-ш ёд».
Бигуфт, он чи ёд омадаш з-он сухан,
Ҳаме нав шумурд ин сарои куҳан.
Чӣ созӣ, ки чора ба дасти ту нест,
Дароз асту дар дому шасти ту нест.
Гар эдун, ки бад бинӣ аз рўзгор,
Ба некӣ ҳам ў бошад омўзгор.
Биёмад ба дар паҳлавон шодмон,
Ҳама нек будаш ба дил-дар гумон.
2640 Ҷаҳонофаринро ниёиш гирифт,
Мар он шоҳи навро ситоиш гирифт.
Пурандеша шуд, то ба даргаҳ расид,
К-аз он хўрду бахшиш чӣ ояд падид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё