Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Яке андар ою шигифтӣ бубин
Бузургиву рои ҷаҳонофарин,
Ки гўӣ нашояд магар тоҷро,
Ва ё ҷавшану гурзу тороҷро».
2610 Сипаҳбад биёмад бари шаҳрёр,
Басе офарин кард бар кирдгор.
Бар он бурзу болову он шоху ёл,
Ки гуфтӣ бар ў баргузаштаст сол.
Зи баҳри Сиёвуш ду дида пуроб,
Ҳамекард нафрин бар Афросиёб.
Намонам, ки ёзад бар ў шоҳ чанг,
Маро гар супорад ба коми наҳанг.
2615 Бад-он гаҳ ки хуршед бинмуд теғ,
Ба хоб андаромад сари тира меғ.
Биёмад давон паҳлавони сипоҳ
Пур аз тарсу уммедназдики шоҳ.
Ҳаме буд, то ҷой пардахт шуд,
Ба наздики он номвар тахт шуд.
Бад-ў гуфт: «Хуршедфаш меҳтаро,
Ҷаҳондору бедору афсунгаро!
Ба бахтатяке банда афзуд дўш,
Ки гуфтӣ варо моҳ додаст ҳуш.
2620 Намонад зи хубӣ ба гетӣ ба кас,
Ту гўӣ ба гаҳвора моҳ асту бас.
Агар Турро рўз боз омадӣ,
Ба дидори рўяш ниёз омадӣ.
Бар айвон набинад чун ў кас нигор,
Бад-ў тоза шуд фарраи шаҳрёр.
Фаридуни гурд аст, гўӣ ба ҷой
Ба фарру ба чеҳру ба дасту ба пой.
Аз андешаи бад бипардоз дил,
Барафрўз тоҷу барафроз дил».
2625 Чунон кард равшан ҷаҳонофарин,
К-аз ў дур шуд ҷавру бедоду кин.
Равонаш шуд аз кардаи худ бадард,
Баровард аз дил яке боди сард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё