Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Биёвард шабранги беҳзодро,
Ки дарёфтӣ рўзи кин бодро.
2335 Хурўшон сарашро ба бар баргирифт,
Лагому фисораш зи сар баргирифт.
Ба гўш-андараш гуфт рози дароз,
Ки бедордил бошу бо кас масоз.
Чу Кайхусрав ояд ба кин хостан,
Инонаш туро бояд оростан.
Аз охур бибур дил ба якборагӣ,
Ки ўро ту бошӣ ба кин борагӣ.
Варо борагӣ бошу гетӣ бикўб,
Зи душман ба наълат заминро бирўб.
2340 Дигар маркабонро ҳама кард пай,
Ба шамшер бибрид бар сони най.
Ба ганҷ-андар оганда чизе ки буд,
Зи айвону гулшан баровард дуд.
Зи дебову динору дурру гуҳар,
Зи тоҷу зи теғу кулоҳу камар.
Гирифтор шудани Сиёвуш
ба дасти Афросиёб
Чу ин карда шуд, сози рафтан гирифт,
Зи бахти бади хеш монда шигифт.
Худу саркашон сўи Эрон кашид,
Рух аз хуни дида шуда нопадид.
2345 Чу як нима фарсанг бубрид роҳ,
Расид андар ў шоҳи туронсипоҳ.
Сипаҳ дид бо гурзу теғу зиреҳ,
Сиёвуш зада бар зиреҳ-бар гиреҳ.
Ба дил гуфт Гарсеваз «Ин рост гуфт,
Чунин ростиро набояд нуҳуфт».
Сиёвуш битарсид аз ҷони хеш,
Чу солори Турон расидаш ба пеш.
Сипоҳаш битарсид аз бими шоҳ,
Гирифтанд туркон ҳама кўҳу роҳ.
2350 Ҳаме бингарид ин бад-он, он бад-ин,
Ки кина ба дилшон набуд пеш аз ин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё