Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Надонӣ ҳаме чора аз меҳр боз,
Набояд, ки бахти бад ояд фароз.
Ҳаме мар туро банду тунбал фурўхт,
Ба чора ду чашми хирадро бидўхт.
Нахустин, ки домод кардат ба ном,
Ба хира шудӣ з-ин сухан шодком.
2185 Ва дигар, к-ат аз хештан кард дур,
Ба рўи бузургон ҳаме кард сур.
Бад-он, то ту густох гардӣ бад-ўй,
Фурў монад андар ҷаҳон гуфтугўй.
Туро ҳам зи Ағрираси ҳушманд
Фузун нест хешиву пайванду банд.
Миёнаш ба ханҷар ба ду ним кард.
Дили номдорон пур аз бим кард.
Ниҳонаш ҳамин ошкоро кунун,
Чунон дону эмин машав з-ў ба хун.
2190 Хирад буду аз ҳар даре пеша буд,
Маро ҳар чи андар дил андеша буд,
Ҳама пеши ту як ба як рондам,
Чу хуршеди тобанда бархондам.
Ба Эрон падарро бияндохтӣ,
Ба Турон ҳаме шорсон сохтӣ.
Чунин дил бидодӣ ба гуфтори ўй,
Бигаштӣ ҳаме гирди тимори ўй.
Дарахте буд ин худ нишонда ба даст,
Ки буд бори ў заҳру баргаш кабаст».
2195 Ҳаме гуфту мижгон пур аз об кард,
Пурафсун дилу лаб пур аз боди сард.
Сиёвуш нигаҳ кард хира бар ўй,
Зи дида ниҳода ба рух - бар ду ҷўй.
Ба ёд омадаш рўзгори газанд,
К-аз ў бугсилад меҳр чархи баланд.
Ба рўзи ҷавонӣ сар ояд-ш кор,
Басе барнаёяд бар ў рўзгор.
Дилаш гашт пурдарду рухсора зард,
Пур аз ғам равон, лаб пур аз боди сард.
2200 Бад-ў гуфт: «Ҳар чун, ки мебингарам,
Ба бодафраи бад на андарх(в)арам.
Ба гуфтору кирдору аз пешу пас
Зи ман ҳеч нохуб нашнид кас.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё