Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Ҳама розҳо бар ту бояд кушод,
Ба жарфӣ бибин, то чӣ ояд-т ёд.
Аз он хоби бад шуд дили ман ғамӣ,
Ба мағз андаровард лахте камӣ.
Набастам ба ҷанги Сиёвуш миён,
Наёмад аз ў низ моро зиён.
2050 Чу ў тахти пурмоя падруд кард,
Хирад тору меҳри маро пуд кард.
Зи фармони ман як замон сар натофт,
Зи ман ў ба ҷуз некуиҳо наёфт.
Супурдам бад-ў кишвару ганҷи хеш.
Накардем ёд аз ғаму ранҷи хеш.
Ба хун низ пайвастагӣ сохтам,
Дил аз кини Эрон бипардохтам.
Напечидам аз ганҷу фарзанд рўй,
Гиромӣ ду дида супурдам бад-ўй.
2055 Пас аз некуиҳову сад гуна ранҷ,
Фидо кардани кишвару тоҷу ганҷ
Гар эдун, ки ман бад сиголам бад-ўй,
Зи гетӣ барояд басе гуфтугўй.
Бар ў-бар баҳона надорам ба бад,
Гар аз ман бад-ў андаке бад расад,
Забон баркушоянд бар ман меҳон,
Дурафше шавам дар миёни ҷаҳон.
Зи дад тездандонтар аз шер нест,
Ки андар дилаш бими шамшер нест,
2060 Агар баччаи ў шавад дардманд,
Кунад марғзоре табоҳ аз газанд.
Агар мо бишўрем бар бегуноҳ,
Писандад куҷо довари хуру моҳ?!
Надонам ҷуз он к-аш бихонам ба бар
В-аз эдар фиристам-ш сўи падар.
Агар гоҳ ҷўяд, гар ангуштарӣ
Аз ин буму бар бигсилад доварӣ».
Бад-ў гуфт Гарсеваз: «Эй шаҳрёр,
Магир инчунин кори пурмоя хор.
2065 Аз эдар гар ў сўи Эрон шавад,
Бару буми мо пок вайрон шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё