Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Бад-ин рой аз он марз гаштанд боз
Ҳама дида пурхуну дил пургудоз.
Бародар зи хуни бародар бадард,
Забоншон зи хешон пур аз боди сард.
Бирафтанд яксар сўи Косарўд,
Забоншон аз он куштагон пурдуруд.
Талоя биёмад зи пеши сипоҳ,
Касеро надиданд дар размгоҳ.
1680 Ба Пирони Виса расид огаҳӣ,
К-аз эрониён гашт кишвар тиҳӣ.
Чу бишнид Пирон, сабук дар ниҳон
Ба ҳар сў фиристод корогаҳон.
Чу баргаштани саркашон шуд дуруст,
Сипаҳбад равонро зи андуҳ бишуст.
Биёмад ба шабгир худ бо сипоҳ,
Ҳаме гашт бар гирди он размгоҳ.
Ҳама кўҳу ҳомун ҳама дашту ғор
Саропардаву хайма буд бешумор.
1685 Ба лашкар бубахшиду худ баргирифт.
Зи кори ҷаҳон монда андар шигифт,
Ки рўзе фароз асту рўзе нишеб,
Гаҳе шод дорад, гаҳе бо ниҳеб.
Ҳамон беҳ, ки бо ҷоми гетифурўз
Ҳаме бугзаронем рўзе ба рўз.
Пас он гаҳ фиристод ҳам дар шитоб
Аз он огаҳӣ назди Афросиёб.
Сипаҳбад аз он огаҳӣ шод шуд,
Зи тимору андўҳ озод шуд.
1690 Ҳама лашкараш гашт равшанравон,
Бубастанд озин раҳи паҳлавон.
Ҳама бому дар ҷома овехтанд,
Дирам бар сари ў ҳаме рехтанд.
Чу омад ба наздикии шаҳрёр,
Сипаҳбад пазира шудаш бо нисор.
Бад-ў офарин кард бисёру гуфт,
Ки «Аз паҳлавонон туро нест ҷуфт».
Ду ҳафта зи айвони Афросиёб
Ҳаме омад овози чангу рубоб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё