Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бар ў-бар ситамгораро дил бисўхт,
Ба кирдори оташ дилаш барфурўхт.

Бупечид аз ў рўй пурдарду шарм,
Ба ҷўш омадаш дар ҷигар хуни гарм.

Куштани Гев Тажовро ба кини
Баҳром

1605 Чу хуршеди тобанда бинмуд пушт,
Ба дил гашт Гев аз бародар дурушт.

Ба Бежан чунин гуфт, к-«Эй дилкушой,
Бародар ҳаме н-оядам боз ҷой.

Бибояд шудан, то варо кор чист?
Набояд, ки бар кушта бояд гирист».

Далерон бирафтанд ҳар ду чу гард
Бар он ҷои пархошу ҷои набард.

Ба ҳар сў бигаштанду ҷустанд боз.
Ба дидори Баҳромашон буд ниёз.

1610 Далерон чу Баҳромро ёфтанд,
Пур аз обу хун дида биштофтанд.

Ба хоку ба хун-андар афканда хор,
Ҷудо гашта з-ўдасту баргашта кор.

Зи асп-андар афтод Геви далер,
Хурўше баровард чун наррашер.

Биҷунбид Баҳром з-овози ўй,
Биғалтиду боҳуш шуд боз ўй.

Чунин гуфт бо Гев, к-«Эй номҷўй,
Маро чун бипўшӣ ба тобут рўй,

1615 Ту кини бародар бихоҳ аз Тажов,
Надорад магар гов бо шер тов.

Маро дид Пирони Виса нахуст,
Ки бо ман будаш рўзгори дуруст.

Ҳама номдорону гурдони Чин
Биҷустанд бо ман аз оғоз кин.

Тани ман Тажови ҷафопеша хаст,
Накард эч ёд аз нажоду нишаст».

Чу Баҳроми гурд ин сухан ёд кард,
Буборид Гев аз мижа оби зард.

пешина
аз 234
навбатӣ