Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
1460 Аз он шод гаштанд эронсипоҳ,
Ки овард бо он навоин кулоҳ.
Ҳаме ҳар замон разм шуд тезтар,
Напечид як тан аз он разм сар.
Чунин ҳар замоне барошуфтанд,
Ҳаме бар сари якдигар кўфтанд.
Ҳаме буд аз ин гуна, то тира гашт,
Ҳаме дида аз тирагӣ хира гашт.
Зи гударзиён ҳашт тан зинда буд
Бад-он размгаҳ, дигар афканда буд.
1465 Ҳам аз тухмаи Гев чун бисту панҷ,
Ки буданд зебои дайҳиму ганҷ.
Ҳам аз тухми Ковус ҳафтод мард
Саворону шерони рўзи набард.
Ҷуз ин Ревниз он-гави тоҷдор
Сазад, гар набошад як андар шумор.
Зи хешони Пирон чу нўҳсад савор
Кам омад дар ин рўз дар корзор.
Чу сесад тан аз тухми Афросиёб,
Куҷо бахташон андаромад ба хоб.
1470 Ҳамон дашт Пирон буду рўзи ўй,
Ҳамон ахтари гетиафрўзи ўй.
Набуд рўзи пайкори эрониён,
Аз он разм ҷустан сар омад зиён.
Аз овардгаҳ рўй баргоштанд,
Чунон хастагон хор бугзоштанд.
Бар он ҷойгаҳ бахт баргашта шуд,
Ки Густаҳмро борагӣ кушта шуд.
Пиёда ҳаме рафт найза ба даст,
Або ҷавшану хўд бар сони маст.
1475 Чу Бежан ба Густаҳм наздик шуд,
Шаб омад ҳаме, рўз торик шуд.
Бад-ў гуфт: «Ҳин барнишин аз пасам,
Гиромитар аз ту набошад касам».
Нишастанд ҳар ду бар он борагӣ,
Чу шуд рўз тира ба якборагӣ,
Ҳама сўи он домани кўҳсор
Гурезон бирафтанд аз корзор.
Саворони туркон ҳама шоддил,
Зи ранҷу зи ғам гашта озоддил.
1480 Ба лашкаргаҳи хеш боз омаданд,
Гурозандаву размсоз омаданд.
Зи гурдони Эрон баромад хурўш,
Ҳама кар шуд аз нолаи зор гўш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё