Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дарида дурафшу нагунсор кўс,
Рухи зиндагон гашта чун обнўс.

Падар беписар буд, писар бепадар,
Ҳама лашкари гашн зеру забар

Чунин омад ин гунбади тезгард,
Гаҳе шодмонӣ диҳад, гоҳ дард.

1225 Ба бечорагӣ пушт баргоштанд
Саросемаву хайма бугзоштанд,

На лашкар, на кўсу на бору буна,
Ҳама майсара хаставу маймана.

Аз он гуна лашкар сўи Косарўд
Бирафтанд бемояву тору пуд.

Саворони туркон паси пушти Тус,
Равон пур зи кину забон пурфусўс.

Ҳаме гурз борид гуфтӣ зи абр,
Паси пушт, бар ҷавшану хўду габр

1230 Набуд кас ба ҷанг-андарун пойдор,
Ҳама кўҳ карданд гурдон ҳисор

Фурў монда мардону аспони ҷанг,
Якеро набуд ҳушу тўшу диранг.

Сипаҳ аз бари кўҳ гаштанд боз,
Шуда монда аз разму роҳи дароз.

Зи ҳомун сипаҳбад чу бар кўҳ шуд,
Зи пайкори туркон беандўҳ шуд.

Фаровон кам омад зи эрониён,
Баромад хурўше бадард аз миён.

1235 Ҳама хаставу баста буд, он ки зист,
Бар он хаставу баста бояд гирист.

На тоҷу на тахту на пардасарой,
На аспу на мардони ҷангӣ ба пой,

На ободбуму на парвардгор,
На он хастагонро касе хостор.

Писар бар падар зор гирён шуда,
В-аз он хастагон низ бирён шуда.

Чунин аст оину расми ҷаҳон,
Ки кирдори хеш аз ту дорад ниҳон.

1240 Куҷо бо ту дар парда бозӣ кунад,
Зи тезиву аз бениёзӣ кунад.

Ба ранҷи дарозему дар чанги оз,
Чӣ донем боз ошкоро зи роз.

пешина
аз 234
навбатӣ