Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳаме рафт лашкар гурўҳогурўҳ,
На буд дашт пайдо, на дарё, на кўҳ.

Бифармуд Пирон, ки «Бераҳ равед,
Аз эдар сўи роҳи кўтаҳ равед.

Набояд, ки ёбанд худ огаҳӣ
Аз ин номдорони бофарраҳӣ.

1185 Магар ногаҳон бар сари он гурўҳ
Фуруд орам ин гашнлашкар чу кўҳ».

Бурун кард корогаҳон ногаҳон,
Ҳаме ҷуст бедор кори ҷаҳон.

Ба тундӣ ба роҳ андаровард рўй,
Ба сўи Гиравгирд шуд ҷангҷўй.

Хабар шуд аз эшон ба корогаҳон,
Ба Пирон бигуфтанд як-як меҳон.

Нишаста ба як ҷо сипаҳдор Тус,
Зи лашкар набархост овои кўс.

1190 Ки эшон ҳама майгусоранду маст,
Шабу рўз бошанд бо май ба даст.

Саворе талоя надорад ба роҳ,
Беандеша аз кори туронсипоҳ,

Чу бишнид Пирон, ялонро бихонд,
Зи лашкар фаровон суханҳо биронд.

Ки «Дар ҷанг моро чунин дастгоҳ
Набудаст ҳаргиз ба эронсипоҳ».

Шабехун кардани Пирон бар
эрониён

Гузин кард он лашкари номдор
Саворони шамшерзан сӣ ҳазор.

1195 Бирафтанд ниме гузашта зи шаб,
На бонги табира, на бўқу ҷалаб.

Чу солори бедор лашкар биронд,
Миёни ялон ҳафт фарсанг монд.

Нахустин расиданд пеши гала,
Куҷо буд дар дашти Турон яла.

Гирифтанд бисёру бурданд низ,
Намонд аз бади бахт монида чиз.

Галадору чўбон ҳама кушта шуд,
Сари бахти эрониён гашта шуд.

1200 В-аз он ҷойгаҳ сўи эронсипоҳ
Бирафтанд бар сони абри сиёҳ.

Ҳама маст буданд эрониён,
Гурўҳе нишаста, кушода миён.

пешина
аз 234
навбатӣ