Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Ба об-андарун ғарқа шуд борагӣ,
Сароншон ғамӣ шуд ба якборагӣ.
1005 Амуди гарон баркашиданд боз
Ду шери сарафрозу ду размсоз.
Чунин то баровард Бежан хурўш,
Амуди гарон барниҳода ба дўш,
Бизад бар миёни Палошони гурд,
Ҳама мўҳраи пушт бишкаст хурд.
Зи болои асп андаромад танаш,
Нагун шуд сару миғфару ҷавшанаш.
Фуруд омад аз асп Бежан чу гард,
Сари марди ҷангӣ зи тан дур кард.
1010 Силеҳу сару аспи он номҷўй
Биёвард, сўи падар кард рўй.
Дили Гев аз он ҷанг буд пур зи дард,
Ки чун гардад он бож рўзи набард.
Хурўшону ҷўшон бад-он дидгоҳ,
Ки то гарди Бежан баромад зи роҳ.
Ҳаме омад аз роҳ пури ҷавон,
Сару ҷавшану аспи он паҳлавон.
Биёварду бинҳод пеши падар,
Бад-ў гуфт: «Пирўз бош, эй писар!»
1015 Бирафтанд бо шодмонӣ зи ҷой,
Ниҳоданд сар сўи пардасарой.
Биёвард пеши сипаҳбад сараш,
Ҳамон аспу ҳам ҷавшану миғфараш.
Чунон шод шуд з-он сухан паҳлавон,
Ки гуфтӣ барафшонд хоҳад равон.
Бад-ў гуфт, к-«Эй пури пушти сипоҳ
Сари номдорони дайҳими шоҳ.
Ҳамеша бизӣ шоду бартарманиш,
Зи ту дур бодо бади бадкуниш!»
Ба танг омадани эрониён
аз боридани барф
1020 В-аз он пас хабар шуд ба Афросиёб,
Ки шуд марзи Турон чу дарёи об.
Сўи Косарўд андаромад сипоҳ,
Замин шуд зи кини Сиёвуш сиёҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё