Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Дили сангу сандон битарсад зи марг,
Раҳоӣ наёбад аз ў беху барг.
Лашкар кашидани Тус ба Косарўд ва кушта
шудани Палошон аз дасти Бежан
Чу Туси сипаҳбад зи ҷанги Фуруд
Бипардахту омад аз он куҳ фуруд,
Се рўзаш диранг омад андар Чарам,
Чаҳорум баромад зи шайпур дам.
Сипаҳ баргирифту бизад ною кўс,
Замин кўҳ то кўҳ гашт обнўс.
970 Ҳар он кас, ки дидӣ зи туронсипоҳ
Бикуштӣ, фикандӣ танашро ба роҳ.
Ҳама марзҳо кард бетору пуд,
Ҳаме рафт аз ин гуна то Косарўд.
Бад-он марз лашкар фуруд оварид,
Замин гашт аз он хаймаҳо нопадид.
Хабар шуд ба Турон, к-аз Эрон сипоҳ
Сўи Косарўд андаромад зи роҳ.
Зи туркон биёмад далере ҷавон
Палошони бедордил, паҳлавон.
975 Биёмад, ки лашкар ҳама бингарад,
Дурафшу саропардаҳо бишмарад.
Ба лашкаргаҳ-андар яке кўҳ буд,
Баланду ба як сў зи анбўҳ буд.
Нишаста бар ў Геву Бежан ба ҳам
Ҳаме гуфт ҳар гуна аз бешу кам.
Дурафши Палошон зи туронсипоҳ
Ба дидори эшон баромад зи роҳ.
Чу аз дур Геви диловар бидид,
Бизад дасту теғ аз миён баркашид.
980 «Шавам, - гуфту - буррам сарашро зи тан.
В-агар баста орам бар ин анҷуман».
Бад-ў гуфт Бежан, ки «Эй номдор,
Маро дод хилъат бар ин шаҳрёр.
Ба фармон маро баст бояд камар
Ба разми Палошони пархошхар».
Ба Бежан чунин гуфт Геви далер,
Ки «Маштоб дар ҷанги он наррашер.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё