Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Дили ҳар кӣ бар ман бисўзад ҳаме,
Зи ҷонам рухаш барфурўзад ҳаме,
Ҳама пок бар бора бояд шудан,
Тани хештан бар замин барзадан,
Ки то баҳри Бежан набошад яке,
Намонам ман эдар магар андаке,
910 Ки буррандаи покҷони ман ўст,
Ба рўзи ҷавонӣ замони ман ўст».
Бигуфт ину рухсорагон кард зард,
Баромад равонаш ба тимору дард.
Ба бозигаре монад ин чархи маст,
Ки бозӣ барорад ба ҳафтод даст.
Замоне ба боду замоне ба меғ,
Замоне ба ҳанҷар, замоне ба теғ.
Замоне ба дасти яке носазо,
Замоне худ орад зи сахтӣ раҳо.
915 Замоне диҳад тахту ганҷу кулоҳ,
Замоне ғаму хориву банду чоҳ.
Ҳаме хўрд бояд касеро, ки ҳаст
Манам тангдил, то шудам тангдаст,
Агар худ назодӣ хирадманд мард,
Надидӣ ба гетӣ ҳаме гарму сард.
Бизоду ба сахтиву ноком зист,
Бад-он зистан зор бояд гирист.
Саранҷом хок аст болини ўй,
Дареғ он дилу рою оини ўй.
Куштани Ҷарира худро
920 Фуруди Сиёвахш бекому ном
Чу шуд з-ин ҷаҳон норасида ба ком,
Парастандагон бар сари диж шуданд,
Ҳама хештан бар замин барзаданд.
Ҷарира яке оташе барфурўхт,
Ҳама ганҷҳоро бар оташ бисўхт.
Яке теғ бигрифт аз он пас ба даст,
Дари хонаи тозиаспон бубаст.
Шикамшон бидарриду бубрид пай,
Ҳаме рехт бар рух ҳама хуну хай.
925 Биёмад ба болини фаррух Фуруд,
Бари ҷомаи ў яке дашна буд.
Ду рухро ба рўи писар барниҳод,
Шикам бардариду бараш ҷон бидод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё