Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
675 Чу ояд ба пайкори кундоварон,
Бихобам-ш бар домани хоҳарон,
Бад-ў гар кунад боди килкам гузор,
Агар зинда монад, ба мардам мадор.
Ба тир асп печон кунам ё савор,
Чӣ гўӣ ту, эй кордида, Тахор?»
Ҳаме тир букшой бар мард-бар,
Магар Тусро з-ў биҷўшад ҷигар.
Надонад, ки ту дил биёростӣ,
Ки бо ў ҳаме оштӣ хостӣ.
680 Чу ў бо ту - бар хира ҷанг оварад,
Ҳаме бар бародар-т нанг оварад.
Чу бо теғ наздик шуд Ревниз,
Ба зеҳ баркашид он хамонида шиз.
Зи боло хаданге биронд аз бараш,
Ки бардўхт бо тарки румӣ сараш.
Бияфтоду баргашт аз ў асп тез,
Ба хок андаромад сари Ревниз.
Чу солор Тус аз Миям бингарид,
Шуд он кўҳ бар чашми ў нопадид.
685 Яке достон зад бар ин-бар хирад,
Ки аз хўи бад мард кайфар барад.
Кушта шудани Зарасп аз дасти
Фуруд
Чунин гуфт пас паҳлавон бо Зарасп,
Ки «Бифрўз дилро чу озаргушасп.
Силеҳи саворони ҷангӣ бипўш,
Ба ҷону тани хештан дор гўш.
Ту хоҳӣ магар кини он номдор,
В-агарна манам кинаро хостор».
Зарасп омаду тарг бар сар ниҳод
Диле пур зи кина, саре пур зи бод.
690 Ба сўи Сипадкўҳ бинҳод рўй,
Ҳаме шуд чу шери жиён кинаҷўй.
Хурўшону ҷўшону дил пурниҳеб,
Бар афроз сар баркашид аз нишеб
Чунин гуфт шери жиён бо Тахор,
Ки «Омад дигар раҳ яке хостор.
Бубин, то кадом аст аз Эрон савор,
Ки ояд дамон бар сари кўҳсор?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё