Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
560 В-агар бошад ў низ пархошҷўй,
Бубандад, кашонаш биёрад ба рўй.
В-агар кушта ояд, кашонаш ба хок
Биёрад, надорад зи кас тарсу бок.
В-агар з-он ки бошад зи корогаҳон,
Ки бишмурд хоҳад сипаҳро ниҳон,
Ҳам он ҷо ба ду ним бояд задан,
Фурў ҳиштан аз кўҳу боз омадан».
Омадани Баҳром ба назди Фуруд ба кўҳ
Ба солор Баҳроми Гударз гуфт,
Ки «Ин кор бар мо намонад нуҳуфт.
565 Равам, ҳар чи гуфтӣ, ба ҷой оварам
Сари кўҳ яксар ба пой оварам».
Бизад аспу омад зи пеши гурўҳ,
Пурандеша бинҳод сар сўи кўҳ.
Чунин гуфт пас номвар бо Тахор,
Ки «Ин кист, к-омад чунин хор-хор?
Ҳамоно, наандешад аз мо ҳаме,
Ба тундӣ барояд ба боло ҳаме.
Яке бора дар зер дорад саманд,
Ба фитрок барбаста дорад каманд».
570 Чунин гуфт пас ройзан бо Фуруд,
Ки «Инро ба тундӣ набояд бисуд.
Ба ному нишонаш надонам ҳаме,
Зи гударзиёнаш гумонам ҳаме.
Чу Хусрав зи Турон ба Эрон расид,
Яке миғфари шоҳ буд нопадид.
Гумони ҳаме он барам бар сараш,
Зиреҳ бо ҳамон хусравонӣ бараш,
Зи Гударз дорад ҳамоно нажод,
Яке лаб ба пурсиш бибояд кушод».
575 Чу Баҳром наздиктар шуд, ба теғ,
Биғуррид бар сони ғурранда меғ.
«Чӣ мардӣ, бад- ў гуфт, -бар кўҳсор
Набинӣ ҳаме лашкари бешумор?
Магар нашнавӣ бонгуовои кўс,
Натарсӣ зи солори бедор - Тус?
Фурудаш чунин посух овард боз,
Ки «Тундӣ надидӣ, ту тундӣ масоз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё