Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Сипаҳдор, шамшерзан сӣ ҳазор
Ҳаме рафт гирд аз дари корзор.
525 Чу дастур лашкар саросар бидид,
Бар он шоҳзода сухан густарид.
Чунин посухаш дод доно Тахор,
Ки «Бар ту ниҳонӣ кунам ошкор.
Чунон дон, ки он пилпайкар дурафш,
Саворону шамшерҳои бунафш,
Сарафроз Туси сипаҳбад бувад,
Ки дар кина пархоши ў бад бувад.
Дурафши паси пушти ў дигар аст,
Чу хуршеди тобон бар ў пайкар аст.
530 Бародарпадар-т аст бо фарру ком,
Сипаҳбад Фарибурзи Ковус ном.
Пасаш моҳпайкар дурафши бузург
Далерони бисёру гурди сутург,
Варо низ Густаҳми Гаждаҳм хон,
Натарсад зи жўпину аз устухон.
Пасаш гўрпайкар дурафши дароз,
Ба гирд-андараш лашкари размсоз,
Ба зер-андараш Зангаи Шоварон,
Далерон-ш гурдони кундоварон.
535 Дурафше паси ўст, пайкар чу моҳ,
Танаш лаълу ҷаъдаш чу мушки сиёҳ,
Варо Бежани Гев хонад ҳаме,
Ки хун б-осмон барфишонад ҳаме.
Дурафше куҷо пайкараш ҳаст бабр,
Ҳаме бишканад з-ў миёни ҳизабр,
Варо гурд Шедуш дорад ба пой,
Ки гўӣ, ҳаме андарояд зи ҷой.
Дурафше пасаш пайкари ў гуроз,
Ки гўӣ, сипеҳр андарорад ба гоз,
540 Гуроза бувад номи гурди далер,
Ки бозӣ шуморад ҳаме разми шер.
Дурафше пасаш пайкари говмеш,
Саворон пасу номдорон зи пеш,
Гузини гавон, шўҳра Фарҳодрост,
Ки гўӣ магар бо сипеҳр аст рост.
Дурафше куҷо пайкараш ҳаст гург,
Нишони сипаҳдор Геви сутург.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё