Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ки шояд, к-аз ин ғам бинолад паланг,
Зи дарё хурўшон барояд наҳанг.

Ҳамон мурғ бо моҳиён андар об
Бихонданд нафрин ба Афросиёб.

Ки андар ҷаҳон чун Сиёвахш низ
Набандад камар як ҷаҳонбахш низ.

Ба гурдиву мардиву бахту нажод
Ба аврангу сангу ба фарҳангу дод

490 Ту пури ҷаҳонномвар меҳтарӣ,
Зи тухми каёниву кайманзарӣ.

Камар баст бояд ба кини падар,
Ба ҷой оваридан нажоду гуҳар.

Ба лашкар нигаҳ кун, ки солор кист,
В-аз он меҳтарон номбардор кист?

Хиром ору гарданкашонро бихон,
Маю хилъат орой болои хон.

Зи шамшеру аз таргу баргустувон,
Зи хафтону аз ҳанҷари ҳиндувон.

495 Зи гетӣ бародар туро ганҷ бас,
Ҳамон кини оини бегона кас.

Сипаҳро ту бош ин замон пешрав,
Ту кинхоҳи нав, ў ҷаҳондори нав».

Чунин гуфт аз он пас ба модар Фуруд,
К-«Аз аввал сухан бо кӣ бояд суруд?

Кӣ бояд, ки бошад маро поймард
Аз он сарфарозони рўзи набард?

К-аз эшон касеро надонам ба ном,
Чӣ гуна фиристам дуруду паём?»

500 Ҷарира чунин гуфт бо гурди пур,
Ки «Чун гарди лашкар бубинӣ зи дур,

Нигаҳ кун саворон зи кундоварон
Чу Баҳрому чун Зангаи Шоварон.

Нишон хоҳ аз ин ду гави сарфароз,
К-аз эшон марову туро нест роз.

Ҳамеша сару номи ту зинда бод,
Равони Сиёвуш фурўзанда бод!

Аз ин ҳар ду ҳаргиз нагаштӣ ҷудо,
Куноранг буданду ў подшо.

505 Ту з-эдар бирав бесипаҳ бо Тахор,
Мадор ин сухан бар дили хеш хор.

пешина
аз 234
навбатӣ