Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Фиристодани Кайхусрав Рустамро
ба замини Ҳинд
Чу аз рўз шуд кўҳ чун сандарус,
Ба абр андаромад хурўши хурўс.
Таҳамтан биёмад ба наздики шоҳ,
Аз Эрон сухан гуфту аз тоҷу гоҳ.
Завора, Фаромарз бо ў ба ҳам,
Зи ҳар гунае рой зад бешу кам.
Чунин гуфт Рустам ба шоҳи замин,
Ки «Эй номбардори боофарин,
265 Бари Зобулистон яке шаҳр буд,
К-аз он буму бар Турро баҳр буд.
Манучеҳр кард он зи туркон тиҳӣ,
Яке хуб ҷоест бо фарраҳӣ.
Чу Ковус шуд бедилу пирсар,
Бияфтод аз ў ному фарру ҳунар,
Гирифтанд он шаҳр турониён,
Пас он ҷо намонданд эрониён.
Кунун божу соваш ба Турон баранд.
Сўи шоҳи Эрон ҳаме нангаранд.
270 Фаровон дар он марз пил асту ганҷ,
Тани бегуноҳон аз эшон ба ранҷ.
Зи бас ғорату куштану тохтан,
Сар аз боди Турон барафрохтан.
Кунун шаҳрёрӣ ба Эрон турост,
Паи мўр то чанги шерон турост.
Яке лашкаре бояд акнун бузург
Фиристод бо паҳлавони сутург.
Агар бож наздики шоҳ оваранд,
В-агар сар бар ин боргоҳ оваранд,
275 Чу он марз яксар ба даст оварем,
Ба Туронзамин мар шикаст оварем».
Ба Рустам чунин посух овард шоҳ,
Ки ҷовид бодӣ, ҳамин аст роҳ.
Бубин, то сипаҳ чанд бояд ба кор,
Гузин кун зи гурдон ҳама номдор.
Замине, ки пайвастаи марзи туст,
Баҳои замин дархури арзи туст.
Зи як нима бар Синд дорад гузар,
Ба Қаннуҷу Кашмиру он буму бар.
Дигар нима роҳаш сўи марзи Чин
Бипайваст бо марзи Туронзамин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё