Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
160 Фарибурзи Ковусашон пешрав,
Куҷо буд пайвастаи шоҳи нав.
Гузин кард ҳаштод тан нўзарӣ,
Ҳама гурздору ҳама лашкарӣ.
Зараспи сипаҳбад нигаҳдорашон,
Ки бурдӣ ба ҳар кор тиморашон,
Ки тоҷи каён буду фарзанди Тус
Худованди кўполу шамшеру кўс.
Се дигар чу Гударзи Кашвод буд,
Ки лашкар ба рои вай обод буд.
165 Наберу писар дошт ҳафтоду ҳашт,
Далерони кўҳу саворони дашт,
Фарозандаи ахтари ковиён,
Фурўзандаи тахту бахти каён.
Чу шасту се аз тухмаи Гаждаҳам
Бузурону солорашон Густаҳам.
Зи хешони Мелод чун сад савор,
Чу Гургини пирўзгар, моядор.
Зи тухми Тавоба чу ҳаштоду панҷ
Саворони разму нигаҳдори ганҷ.
170 Куҷо Барта будӣ нигаҳдорашон,
Ба разм-андарун номбардорашон.
Чу сиву се ҷангиву тухми Пашанг,
Ки жўпин будӣ созашон рўзи ҷанг.
Нигаҳбони эшон ҳаме буд Гев,
Ки будӣ далеру ҳушивору нев.
Ба гоҳи набард ў будӣ пеши кўс
Нигаҳбони гурдону домоди Тус.
Зи хешони Барзин чу ҳафтод мард,
Ки буданд шерони рўзи набард.
175 Бар эшон нигаҳдор Фарҳод буд,
Ки дар ҷанг сандони пўлод буд.
Зи тухми Гуроза саду панҷгурд,
Нигаҳбони эшон ҳам ўро шумурд.
Куноранг бо паҳлавонон ҷуз ин
Радону бузургони боофарин.
Чунон буд, ки мўбад надонист мар
Зи бас номдорони бозебу фар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё