Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Ки бар тахт биншаст фархунда кай
Ба чархи бузургӣ барафканда пай.
Бихонд ў сипоҳаш зи ҳар ҷойгоҳ,
Бад-он то намояд парастиш ба шоҳ.
Таҳамтан сўи шоҳ бинҳод рўй
Або шодкомиву бо рангу бўй.
35 Або Золи Соми Наримон ба ҳам
Бузургони Кобул ҳама бешу кам,
Сипоҳе, ки шуд дашт чун обнўс,
Бидаррид гўши палангон зи кўс.
Ба пеш-андарун Зол бо анҷуман,
Дурафши бунафш аз паси пилтан.
Чу огоҳӣ омад ба наздики шоҳ,
Ки омад ба раҳ Рустами некхоҳ.
Яке кишвар аз ҷой бархостанд,
Пазира шуданро биёростанд.
40 Дили шоҳ шуд з-он сухан шодмон,
Сарояндаро гуфт: «Обод мон!
Ки ўяст парвардгори падар,
В-аз ўяст пайдо ба гетӣ ҳунар».
Бифармуд, то Геву Гударзу Тус
Бирафтанд бо нои сарғину кўс.
Табира баромад зи даргоҳи шоҳ,
Ҳама барниҳоданд гурдон кулоҳ.
Зи паҳлў ба паҳлў пазира шуданд,
Ҳама бо дурафшу табира шуданд.
45 Пазира шудандаш ба дурўза роҳ
Ҷаҳонпаҳлавонону чандон сипоҳ.
Дурафши Таҳамтан чу омад падид,
Ба хуршед гарди сипаҳ баркашид
Хурўш омаду нолаи бўқу кўс,
Зи қалби сипаҳ Геву Гударзу Тус
Ба пеши гави пилтан тохтанд,
Зи шодӣ бар ў офарин сохтанд,
Гирифтанд ҳар се маро дар канор,
Бипурсид шеравжан аз шаҳрёр.
50 Зи Рустам сўи Золи Сом омаданд,
Кушодадилу шодком омаданд.
Ниҳоданд сўи Фаромарз рўй,
Гирифтанд шодӣ ба дидори ўй.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё