Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

15 Аз ин ҳар кӣ гавҳар бувад моядор,
Ки зебо бувад хилъати кирдгор.

Чу ин ҳар се ёбӣ, хирад боядат,
Шиносандаи неку бад боядат,

Чу ин чор бо як тан ояд ба ҳам,
Биёсояд аз озу аз ранҷу ғам

Магар марг, к-аз марг худ чора нест,
В-аз ў тезтар тезпатёра нест.

Ҷаҳонҷўй аз ин чор шуд бениёз,
Ҳамаш бахт созанда буд аз фароз.

Офарин кардани меҳтарон Кайхусравро

20 Чу Кайхусрави шоҳ бар гоҳ шуд,
Ҷаҳон яксар аз кораш огоҳ шуд.

Нишаст аз бари тахти шоҳаншаҳӣ,
Ба сар барниҳод он кулоҳи меҳӣ.

Бигустурд гирди ҷаҳон додро,
Биканд аз замин бехи бедодро.

Куҷо буд аз гетӣ озодае,
Худованди тоҷу каёнзодае,

Ҳам аз шоҳи гетиву комоварӣ,
Бад-ў омада, ҳар чи номоварӣ.

25 Набуд дар ҷаҳон кас ба ҳангоми ўй,
Куҷо сар наёвард дар доми ўй.

Ҳар он ҷо, ки вайрон буд, обод кард,
Дили ғамгинон аз ғам озод кард.

Аз абри баҳорӣ биборид нам,
Зи рўи замин занг биздуду ғам.

Замин чун биҳиште шуд ороста,
Зи доду зи бахшиш пур аз хоста.

Ҷаҳон шуд пур аз хубиву эманӣ,
Зи бад баста шуд дасти аҳриманӣ.

30 Фиристода омад зи ҳар кишваре,
Зи ҳар номдореву ҳар меҳтаре

Чу огоҳӣ омад сўи Нимрўз,
Ба назди сипаҳдори гетифурўз,

пешина
аз 234
навбатӣ