Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Нахоҳам, ки бошад маро буму ганҷ,
Замону замин аз ту дорам сипанҷ».
Сиёвуш бад-ў гуфт, к-«Эй бахтёр,
Дарахти бузургӣ ту орӣ ба бор.
1695 Маро ганҷу хубӣ ҳама з-они туст,
Ба ҳар ҷой ранҷи ту бинам нахуст.
Яке шаҳр созам бад-ин ҷой ман,
Ки хира бимонад аз он анҷуман».
Сохтани Сиёвуш Гангдижро
Кунун баркушоям дари достон,
Суханҳои шоистаи бостон.
Зи Ганги Сиёвахш гўям сухан
В-аз он шаҳру он достони куҳан.
Бар ў офарин, к-ў ҷаҳон офарид.
Або ошкоро ниҳон офарид.
1700 Худованди дорандаи ҳасту нест,
Ҳама чиз ҷуфт асту Эзад якест.
Ба пайғамбараш-бар кунам офарин,
Ба ёрон-ш-бар ҳар яке ҳамчунин.
Чу гетӣ тиҳӣ монд аз ростон,
Ту эдар ба будан мазан достон.
Куҷо он сару тоҷи шоҳаншаҳон,
Куҷо он диловар гиромӣ меҳон?
Куҷо он ҳакимону донандагон,
Ҳамон ранҷбардор хонандагон?
1705 Куҷо он бутони пур аз нозу шарм,
Сухан гуфтани хубу овои нарм?
Куҷо он, ки бар кўҳ будаш куном,
Бурида зи орому аз кому ном?
Куҷо он, ки судӣ сарашро ба абр,
Куҷо он, ки будӣ шикораш ҳизабр?
Ҳама хок доранд болину хишт,
Хунук он, ки ҷуз тухми некӣ накишт!
Зи хокему бояд шудан сўи хок,
Ҳама ҷои тарс асту тимору бок.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё