Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Сухан гуфтани Пирон
бо Сиёвуш аз Фарангис
1535 Яке рўз Пирони парҳезкор
Сиёвахшро гуфт, к-«Эй шаҳрёр,
Ту донӣ, ки солори туронсипоҳ
Зи авҷи фалак барфарозад кулоҳ.
Шабу рўзи равшан равонаш туӣ.
Дилу ҷону ҳушу тавонаш туӣ.
Чу бо ў ту пайвастаи хун шавӣ,
Аз ин поя ҳар дам ба афзун шавӣ.
Агарчанд фарзанди ман хеши туст,
Маро ғам зи баҳри каму беши туст.
1540 Агарчи Ҷарира-ст пероста,
Аз ин анҷуман мар туро хоста,
Валекин туро он сазовортар,
Ки аз домани шоҳ ҷўӣ гуҳар.
Фарангис беҳтар зи хубони ўй,
Набинӣ ба гетӣ чунон рўю мўй.
Ба боло зи сарви саҳӣ бартар аст,
Зи мушки сияҳ бар сараш афсар аст.
Ҳунарҳову дониш зи дидор беш,
Хирадро парастор дорад ба пеш.
1545 Зи Афросиёб ар бихоҳӣ, равост,
Чунон бут ба Кашмиру Кобул куҷост?!
Шавад шоҳи пурмоя пайванди ту,
Дурахшон шавад фарру арванди ту.
Чу фармон диҳӣ, ман бигўям бад-ўй,
Биҷўям бад-ин назди ў обрўй».
Сиёвуш ба Пирон нигаҳ карду гуфт,
Ки фармони Яздон нашояд нуҳуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё