Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хондан

И. МУҚАДДАС.

Момои ман

Ман ҳам, ҷӯраҳо,
Чун шумо дорам
Маҳбуб момо,
Ӯ ҷони одам.

Дар пухтупаз ӯ
Бемислу монанд,
Ҳар як таомаш
Ширинтар аз қанд.

Афсона бисёр
Медонад аз ёд,
Аз сӯҳбати ӯ
Кас мешавад шод.

Дидан бихоҳед
Шумо ҳам ӯро,
Марҳамат оед
Ба хонаи мо.

Наздаш нишаста
Ҳарфаш шунида,
Хӯроки ӯро
Боре чашида, —

Ба гуфтаҳоям
Бовар намоед.
Ба хонаи мо
Албатта оед.

пешина
аз 57
навбатӣ